ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик дар назар аст. Ин иқдом маротибаи чандум аст, ки хуб ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз чанд тан аз кӯдакони тоҷик аллакай ба Ватан баргаштаанд. Дар ин росто коршиноси масоили сиёсӣ, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ ақидаҳои худро чунин иброз дошт.






Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва пешгирии болоравии нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ рӯзи 27-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Таҳти ин шиор рӯзи шанбе намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.
Дар маркази «Алишер»-и шаҳри Гулистон ба муносибати 33-солагии бартарафсозии садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил ҷамъомад бо иштироки чернобилчиён баргузор гардид.















