Дар Кохи варзишии «Истиқлол» марҳилаи якуми мусобиқаи шаҳрӣ бо иштироки 20 нафар оид ба дастхобонӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд бо мақсади интихоби варзишгарони шаҳр барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа бо диплом, медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
***
Рӯзи шанбе – 9 феврали соли 2018 тибқи нақша машқҳои пагоҳирӯзӣ бо мақсади солимии ҷавонон ва наврасон, оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!» бо ҷалби зиёда аз 1000 нафар ҷавонону наврасон ва варзишгарон баргузор гардид. Ташкил ва баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба роҳ монда шудааст.






Бахшида ба 30-солагии баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар ҳудуди шаҳр баргузор гардида истодааст.
7 феврал дар Китобхонаи миллӣ Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.














