Имрӯз, 07.05.2025 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон маҷлиси васеи соҳаи тандурустии шаҳр бо иштироки роҳбарон ва кормандони соҳа баргузор гардид. Дар маҷлис муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён сарпарасти соҳа иштирок намуд.
Роҳбари маркази саломатии шаҳр Ҷонибек Ҳомидҷонов кори маҷлисро оғоз намуд. Сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Иброҳим Иброҳимов доир ба фаъолияти соҳа дар се моҳи соли 2025 ҳисобот манзур намуд. Зикр карда шуд, ки дар шаҳр 33 муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Аз ҷумла 7 маркази саломатӣ, 6 беморхона, 5 осоишгоҳ, 3 бунгоҳи тибббӣ, 1 маркази давлатии назорати санитарию эпидимиологӣ, 1 адад умури безараргардонӣ, маркази ташхисиву табобатии Закариёи Розӣ, маркази тиббии хусусии “Сино”, 6 маркази махсусгардонидашуда, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ ва муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷҷи тиббии шаҳри Гулистон”.






Имрӯз, 06.05.2025 дар мактаби санъати маркази шаҳр маҷлиси машваратии соҳаи фарҳанги шаҳр бо иштироки муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён сарпарасти соҳа баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шуда истодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои МИҲД шаҳр, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда истодаанд.
Санаи 05.05.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси васеъ баргузор гардида пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №11 "Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд" баррасӣ гардид.
Имрӯз, 05.05.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шурои навбатии занону духтарони шаҳр бо иштироки аъзои Шуро, раисони шуроҳои ташкилоту муассисаҳо ва бонувони фаъоли шаҳр доир гардид.













