Санаи 05.05.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси васеъ баргузор гардида пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №11 "Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд" баррасӣ гардид.
Дар кори маҷлис муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Комрон Нуриддинзода иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар маҷлис раисони ҷамоати шаҳракҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.






Имрӯз, 05.05.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шурои навбатии занону духтарони шаҳр бо иштироки аъзои Шуро, раисони шуроҳои ташкилоту муассисаҳо ва бонувони фаъоли шаҳр доир гардид.
Имрӯз, 5 майи соли 2025 дар толори Нозироти андози шаҳр Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз кормандони нозироти андози шаҳрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳният намуд.
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Оилаи беҳтарин", ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.
Санаи 02.05.2025 дар мактаби санъати шаҳри Гулистон бо иштироки донишҷӯёну хонандагон ва намояндагони касбу кори гуногун тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раиси шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 07.04.2025 маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Корнома ва хотираи шаҳидони ҷанг фаромӯш намешавад!” ба истиқболи 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватнаии солҳои 1941-1945 ӣаргузор гардид.














