Имрӯз, 19.03.2025 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон тибқи нақшаи кории прокуратураи шаҳр вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28.12.2024 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ” ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти замин бо иштироки сокинони шаҳрак баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Прокурори шаҳри Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Вазирзода Вазир Зокир, муфаттиши калони прокуратруаи шаҳр Шамсулло Раҳматуллозода ва раиси ҷамоати шаҳрак иштирок намуданд.
Вазирзода Вазир Зокир прокурори шаҳр зимни суханронӣ зикр намуд, ки Паём яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд ва барои мардуми мамлакат чун дастури раҳнамо ба сӯйи созандагию бунёдкориҳои нав хизмат менамояд.






Имрӯз, 17.03.2025 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, дар толори КФНЛ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – эҳёгари ҷашни Наврӯз” бо иштироки омӯзгорону ҷавонон ва дигар фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрак баргузор гардид.
Таҳти ҳамин унвон санаи 15-уми марти соли 2025 бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷониби шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори шуъда Одиназода Шодӣ Лоҳутшо ва ҳайати кормандон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи "Темурмалик"-и шаҳри Гулистон ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 14.03.2025 дар "Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи "Темурмалик" бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр чорабинии фарҳангӣ ва бозиҳои миллӣ баргузор гардид.
Имрӯз, 15-уми март дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз он тарғиби ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон зимни хариди молу маҳсулот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.














