Санаи 05.04.2025 дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба сокинон ярмарка ташкил гардид.
Ярмарка дар бозори марказии шаҳр - ҶДММ "Абдуваҳҳоб" баргузор гардид.
Дар ярмарка деҳқонон ва корхонаҳои истеҳсолии шаҳр маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.
Сокинон дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввалияи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» санги асос гузоштанд
- Маросими гусели сарони давлатҳои Қирғизистон ва Узбекистон
- Иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии муштараки наврӯзӣ






Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Имрӯз, 04.04.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссияи даъвати баҳорӣ таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор карда шуд. Дар ҷаласа раиси комиссияи даъват, комиссари ҳарбӣ ва аъзои комиссия иштирок доштанд.
Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии шаҳри Гулистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки пагоҳ, 5 апрел, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул ва муоинаи ройгони беморон баргузор мегардад.
1 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғоз бахшидан ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъданҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд мулоқот намуданд.














