Санаи 09.12.2023 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ баргузор гардид.
Ярмаркаи мазкур ҷиҳати таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввалия бо нархҳои нисбатан ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон гардид.






Санаи 04.12.2023, дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Гулистон ва Истаравшан баргузор гардид.
Санаи 05.12.2023 дар толоти МДТИ-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзӣ байналмиллалии волонтёрон дар мавзӯи “Волонтёрӣ шараф аст”, ҳамоишӣ идона баргузор гардид, ки дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва директори МДТИ-и шаҳри Гулистон Эмомалӣ Бобоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

















