Санаи 12.10.2023 дар доираи суҳбату вохӯриҳо дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонони шаҳри Гулситон барои солҳои 2022-2026” 4 нафар ҷавонони ниёзманд бо маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, гречка, чой ва чангакашак аёдат карда шуданд.
Зимни суҳбат масъулин таъкид намуданд, ки ҷавонони ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо мунтазам тадбирҳои муассир андешида мешавад.






Санаи 12.10.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи бо ҷавонони 16-17 солаи МТМУ №12 деҳаи Зарчашмаи ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 10.10.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” вохӯрӣ таҳти унвони “Хурофоту бегонапарастиро маҳкум менамоем” ва вусъати даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён баргузор карда шуд.
Санаи 09.10.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо иштироки фаъолон баргузор карда шуд.
Имрӯз, 6 октябри соли 2023, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.













