Шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ соҳиби ҷойи якум гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ озмун рӯзи 12 январ ҷамъбаст гардида, ғолибонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вимпелу диплом ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонидаанд.
Гуфта мешавад, ҳзмуни мазкур ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардидааст.






Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад.















