Матни равон

Имрӯз, 24.01.2024 дар толори Маркази саломатии шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати шаҳру тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии кишвар  таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат-ифодагари ормонҳои сокинони кишвар” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Ҳомидҷонов Ҷонибек роҳбари Маркази саломатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Паёми навбатии  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ ва баррасӣ гардид.Тавре ки аз оғози Паём зикр гардид: “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”. Ин буд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли қаблӣ 8,3% зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шудааст ва қисми даромади буҷети давлатӣ да ҳаҷми 102,5 фоиз таъмин гардидааст.

Таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид.

Дар Ситод аъзо ва роҳбарони масъул иштирок намуданд. Масъалаҳои захираи дар анборбудаи масолеҳи лозимӣ барои зимистонгузаронии соҳаҳои иҷтимоӣ, омодагии техникаву маводҳои зиддилагжиш, таъмини аҳолӣ бо барқ, сарфакорона истифода бурдани барқ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иброз гардид, ки дар соҳаҳои иҷтимоӣ доир ба зимистонгузаронӣ мушкилие мавҷуд нест.

Ба масъулин таъкид карда шуд, ки ҷиҳати бе мушкилӣ паси сар намудани зимистонгузаронӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Санаи 20.01.2024 дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба сокинон ярмарка ташкил гардид.

Дар ярмарка корхонаҳои истеҳсолии шаҳр ва корхонаҳои истеҳсолии дигар шаҳру нохияҳо маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.

Сокинон дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввалияи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

Имрӯз, дар толори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр тибқи ҷадвали  баргузории Ҷаласаи якҷояи шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  ва шӯрои куҳансолони Ҳаракат оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ҷаласаи ҷамъбатӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзоаъзам Мақсудов ва Рустам Юлдошев иштирок намуданд.

Нахуст,ҳисоботи солонаи фаъолияти шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ҷониби   мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ироа карда шуд.

Имрӯз, 17.01.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати шаҳру тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии кишвар  таҳти унвони “Паём-раҳнамо барои фардои дурахшони кишвар” конференся баргузор гардид.

Конференсияи бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар кори конференсия Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Қосимова Каромат Маҳмудовна иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2792
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11178
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:88551
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10159033

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?