Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола рӯзи 28 декабр Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ ботантана таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, кормандон ва алоқамандони соҳаи амниятро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон табрику таҳният намуда, бароятон дар иҷрои вазифаи басо мураккабу пурмасъул ва пуршараф саломатӣ, зиндагии осуда ва ба корҳоятон бурдбориҳо таманно дорам.
Мақомоти амнияти миллӣ яке вз ниҳодҳои муҳим ва калидии амнияти миллӣ маҳсуб ёфта, дар доираи ваколатҳои худ амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамоянд.
Имрӯз нақши кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ, муҳофизати марзу буми кишвар бағоят бузург мебошад. Қобили тазаккур ва ифтихор аст, ки ба шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ақсои олам нигоҳ накарда, ҳар як корманди мақомоти амният маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат нишон дода, дар таъмини амну осоиш дар кишварамон саҳми шоистаи худро мегузоранд.






Санаи 25 декабри соли 2023 раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Бойматова Маҳвашро ба ҳузур пазируфт. Мавриди зикр аст, ки Бойматова Маҳваш соли равон дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони классики тоҷик дар байни хонандагони синфҳои 5-11 мақоми севумро соҳиб гардида, шаҳри Гулистонро муаррифӣ намуд.
Санаи 26 декабри соли 2023 дар тарабхонаи "Манижа" бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз тарафи соҳибкор Турсуной Зокирова ба 150 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат дар арафаи Соли нави мелодии 2024 дастархони идона, туҳфаҳои солинавӣ ва барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок намуда, суханронӣ намуданд.
Санаи 25 декабри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯро прокурори шаҳр, Раиси Шӯро Вазирзода Вазир Зокир ва ҳамаи аъзоёни Шӯро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали гузаронидани иҷлосияҳои навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тадбирҳо андешида, санаи 25 декабри соли 2023 иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашумро доир намуд.
















