Санаи 10.01.2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.
Дар маҷлиси фаъолон роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии вилояти Суғд, раиси Иттифоқи касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода иштирок доштанд.
Ҳамчунин, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони корхонаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро ифтитоҳ намуд.






Санаи 6 январи соли 2024 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Рушди соҳаи саноат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ ва то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад як қатор барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешавад.















