Матни равон

Санаи 26.05.2023 оид ба пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, бартараф намудани хушунат дар оила ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону бонувон мизи мудаввар ва семинар-тренинг дар маркази таълими калонсолон баргузор гардид.

Дар семинар-тренинг намояндагон аз маркази таълими калонсолон, занҳои хонашин ва занҳои болаёқат иштирок доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр доир ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии хушунат дар оила ва ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, иштирокчиён низ доир ба ин мавзуъҳои фикру ақидаҳои хешро баён намуданд.

Имрӯз 27.05.2023 дар шаҳри Гулистон ҳашари умумишаҳрӣ ҷиҳати тозаву озода намудани шаҳр баргузор гардид.

Дар ҳашари умумишаҳрӣ  кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту корхона, муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мактаби варзишӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Ҳифз  намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атроф ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо мебошад.  Бо ин мақсад ҳашарчиён гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз ҳама гуна хасу хошок, баргҳои дарахтон ва партовҳо тоза намуданд.

Имрӯз, 27 майи соли 2023 бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон  ва сокинон, машқи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Миллати ҷисман солим, руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад" доир гардид.

Дар машқи пагоҳирӯзӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассисаҳо, ҷавонони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр иштирок намуданд.

Бо иқдоми Раёсати фарҳанги вилоят ва китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ бо мақсади рушду камолоти кўдакон, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, афзун намудани дунёи пурғановати  маънавӣ, фикру ҷисми солим, шиносоӣ бо китобу китобхона байни тарбиятгирандагони кўдакистонҳои шаҳру навоҳии вилоят озмуни вилоятии «Шукуфаҳои Истиқлол» баргузор намуд.

Ин озмун бо мақсади амалинамоии «Барномаи давлатии омўзиши мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ва Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030» бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон доир намуд.

Озмун аз рўйи шартҳои: муаррифӣ, қироати шеър аз ашъори бачагонаи Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукуҳӣ бахшида ба 100 солагии шоир, муммои рақамҳо, нақли «Афсонаи об» ва намоиши саҳнавӣ бахшида ба эълон гардидани «Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», рақс, суруди кўдакона ва ғайраҳо гузаронида шуд.

Имрӯз, 23 майи соли 2023 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тибқи нақша бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат бо иштироки 110 нафар вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони корхонаҳо, фаъолони ҳизб, собиқадорон, бонувону ҷавонон, сарбозону афсарон аз қисми низомии 45025, ҷавондухтарону ҷавонписарон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», хонандагони муассисаи таълимӣ ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ҳамоиш баргузор карда шуд.

Ҳамоиш бо садо додани суруди миллӣ кори худро оғоз намуд.

Дар рафти кори ҳамоиш Раъно Ҳошимзода Раиси шаҳри Гулистон, Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Ҷамолиён Муслимахон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5176
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13562
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90935
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10161417

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?