Матни равон

Муҳтарам кормандони мақомоти Нозироти андози шаҳри Гулистон!

Бо эҳтиром шуморо бо иди касбиатон - Рӯзи кормандони мақомоти андоз табрику таҳният гуфта, бароятон офияту саодати рўзгор, комёбиву музаффариятҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати давлатӣ аз болои пардохти саривақтӣ ва андозҳо мебошад, ки дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар саҳми босазо дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самти муҳими фаъолияти Кумитаи андоз чунин таъкид намудаанд: «Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад».

1 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти мумфаршкунии роҳи Зарнисор — Бӯстон шинос гардид.

Роҳи мазкур бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой мумфарш гардида истодааст ва дарозии он 38 км мебошад.

Аз тарафи роҳсозон корҳо қариб ба анҷом расонида шудааст.

Роҳи Зарнисор-Бӯстон солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, рафту омади сокинон бо мушкилӣ сурат мегирифт. Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин роҳ мумфарш карда шуд.

1 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» шинос гардид.

Раиси вилоят ба нақбҳои ширкат ворид шуда, аз раванди истеҳсолот дар ин корхонаи азими саноатӣ боздид намуд.

Тавре маълумот дода шуд, «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» аз калонтарин корхонаҳои саноатӣ буда, дар се моҳи соли ҷорӣ 790,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Аз ҷумла дар ин давра 20,4 ҳазор тонна консентрати сурб ва 28,2 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол гардида, саҳми корхона дар маҳсулоти саноатии шаҳри Гулистон 77,2 фоизро ташкил мекунад.

Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст.

Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  шаҳр дар ҳамкорӣ бо қисмҳои низомӣ, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд.

Санаи, 01.05.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохурии судманд доир  ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии эктремизму тероризм ва  қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон-яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва омили муттаҳидии миллат” бо иштироки наваскарон хониши сиёсӣ   баргузор карда шуд.

Дар вохурии  мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси  шаҳри Гулистон   иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5179
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13565
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90938
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10161420

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?