Имрӯз, 01.05.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятм Суғд хониши сиёсӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон” бо сарбозону афсарон баргузор карда шуд.
Дар хониши сиёсӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар воқеъ Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаи муқаддасу пуршараф-ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудааст. Дар таърихи навин волотарин дастовард дар баробари соҳиб шудан ба Истиқлоли давлативу миллӣ рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, зиёд гардидани иқтидори мудофиавӣ мебошад. Давлату миллати тоҷик дар таъмини иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ба ҷавонон эътимод доранд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби роҳбарияти давлат барои дастгирӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Ҷавонони далеру сарбаланди тоҷик, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат ба Ватан доранд, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музаффариятҳои зиёдро касб намудаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР – оғози Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар шаҳри Гулистон
- ВОХӮРИИ СУДМАНД ДОИР БА ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА
- ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН-ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ВА ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ!






Дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар шаҳри Гулистон санаи 28.04.2023 ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар аз Боғи фаҳангӣ-фароғатии "Темурмалик" дидан намуданд.
Дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар шаҳри Гулистон санаи 28.04.2023 ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар аз минтақаи истироҳативу сайёҳӣ ва “Баҳри тоҷик” дидан намуданд.
Дар доири баргузории Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар шаҳри Гулистон санаи 28.04.2023 ҷавонон аз рафти фаъолияти истеҳсолии ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” боздид намуданд.
28.04.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” иқдоми ҷаҳонии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ” баргузор гардид.














