Матни равон

Имрӯз, 31.05.2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, пешгирии ҷинояткорӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дар мавсими тобистон вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сардори бахши РКҲФ ва МГ вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Шуҳрат Алиев, нозири калони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оид ба ноболиғон ва ҷавонон Рухшона Содиқзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон дарди куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон дар натиҷаи “дедовшина” ба расонаҳо роҳ меёбад.

Имрӯз, 30.05.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори муассисаи таҳсилоии миёнаи умумии №2-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр хониши сиёсӣ доир ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили муттаҳидии миллат” бо иштироки таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо баргузор карда шуд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, раиси ҷамоати шаҳрак Наргиса Бердиева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст.

Имрӯз, 29.05.2023 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ доир ба масъалаи таъмини нақшаи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Ба масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр вазифагузорӣ карда шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати таҳияи нақшаи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисоди  ҷамоати шаҳракҳо дастур дода шуд.

Имрӯз, 28.05.2023 ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар қисми ҳарбии 0216-и РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи сарҳадбонон таҷлил карда шуд.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Баротзода Сарҳад аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарҳадбононро ба ин муносибат муборакбод намуд.

Зикр карда шуд, ки имрӯз ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмати сарҳадбонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар қисмҳои ҳарбӣ шароитҳои зарурӣ барои хизмат фароҳам оварда шудааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4955
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13341
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90714
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10161196

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?