Матни равон

Дар асоси нишондодҳои ташкилӣ-методӣ Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулода барои соли 2023 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 17 апрели соли 2023, №85 санаи 25 апрели соли ҷорӣ дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Гулистон «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода, намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ вилояти Суғд подполковник Ҳамдамов Д. ва лейтинанти хурд Камолиддинов А, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Каримӣ Дилрабо, директорону омўзгорони муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, колеҷи тиббӣ, муассисаҳои томактабии шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳо ва хонандагони муассиса, фаъолона иштирок намуданд.

Имрӯз, 21.04.2023 ба муносибати Иди саиди Фитр сарбозони қисми ҳарби 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аёдат карда шуданд.

Нахуст муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон паёми табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба ин муосибат ба самъи сарбозону афсарон расонид.

Зикр карда шуд, ки Иди саиди Фитр таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона ба ҳисоб меравад.

Имрӯз, 20.04.2023 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорони меҳнат Музаффар Бобоҷонов собиқадори хизмати ҳарбӣ ва Кенҷанисо Исобоева собиқадори соҳаи тандурустиро аёдат намуд.

Зимни суҳбат собиқадорон аз дастгириҳои ҳамешагии давлату ҳукумат ёдовар гардида, изҳори сипосмандии хешро баҳри ғамхориҳои доимӣ дар симои роҳбари шаҳр ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.

Ба собиқадорон маводи кумаки яквақтаинаи озуқаворӣ расонида шуд.

Имрӯз, 20.04.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳр дар толори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон” баргузор карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Эмомалӣ Бобоев директори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар воқеъ Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаи муқаддасу пуршараф-ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон аз ҳоли беморону ниёзмандон хабар гирифт.

Раиси вилоят аз ҷумла Далер Шомаҳмадовро, ки дар бистари беморӣ қарор дорад, аёдат намуда, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ ва аробачаи маъюбӣ тӯҳфа кард.

Ҳамзамон Лола Абдулазизова ва оилаи ӯ низ ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ба оилаи номбурда кӯмакҳо расонида шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1216
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4034
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8936
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:38399
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:112288
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9924018

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?