Матни равон

Имрӯз, 20.04.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳр дар толори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон” баргузор карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Эмомалӣ Бобоев директори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар воқеъ Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаи муқаддасу пуршараф-ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон аз ҳоли беморону ниёзмандон хабар гирифт.

Раиси вилоят аз ҷумла Далер Шомаҳмадовро, ки дар бистари беморӣ қарор дорад, аёдат намуда, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ ва аробачаи маъюбӣ тӯҳфа кард.

Ҳамзамон Лола Абдулазизова ва оилаи ӯ низ ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ба оилаи номбурда кӯмакҳо расонида шуд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Боиси шукргузорӣ ва саодатмандист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистон имсол низ зери фазои сулҳу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.

Иди саиди Фитр таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона ба ҳисоб рафта, фарорасии ин иди саидро ба кулли сокинони шарафманди шаҳри Гулистон самимона табрик намуда, бароятон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва хайру баракат орзу менамоем.

Доир ба фазилати ин моҳ ва рӯзи Иди саиди Фитр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд».

20 апрели соли 2023

Ҳамватанони азиз!

Имрўз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегўям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.

Мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.

Ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар остонаи таҷлили Иди саиди Фитр ба 25 нафар камбизоатону ниёзмандон кумаки яквақтаина молиявӣ дар ҳаҷми 25000 сомонӣ расонида шуд.

Раиси ҷамоати шаҳрак Амир Муҳаббатов кумакҳои яквақтаинаро ба хонаводаҳои ниёзманд расонида қайд намуд, ки бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи ҳамаи идҳои суннатӣ аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорону шахсони эҳсонкор ба қишри ниёзманди ҷомеа кумак расонида мешавад.

Дар ин замина аз ҷониби шахсони саховатпешаи шаҳрак ба оилаҳои ниёзманд кумакҳои яквақтаина дастрас карда мешавад. Ҷамоати худидоракунии шаҳрак кӯшиш менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо корхонаву муассисаҳо ва соҳибкорону шахсони саховатманд дар ҳамаи иду айём ба қишри ниёзмани аҳолии шаҳрак кумакҳои моддӣ расонад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5690
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14076
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91449
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10161931

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?