Матни равон

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!”  ба роҳ монда шуда, дар ин фестивал ҷавонон аз Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд диндан менамоянд.

Субҳи 28.04.2023 дар майдони “Тоҷикистон ба пеш!!!”-и даромадгоҳи шаҳри Гулистон 300 нафар ҷавонони шаҳр бо парчам, шиору овезаҳо ва нону шириниҳо ва карнаю сурнай ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳуриро самимона пешвоз гирифтанд.

Имрӯз, 27.04.2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо аҳолӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа бо иштироки сокинон ва кормандони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, Салоҳиддин Раҳматов муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, Мирзоева Қурбонҷон котиби аввали Ҳизби Комунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Санавваров Ғолиб устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Қаҳҳоров Комрон сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шодӣ Одиназода сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Санаи, 25.04.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар толори  МТМУ №10-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисор вохурии судманд  доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии эктремизму тероризм ва  қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон-яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва омили муттаҳидии миллат” бо иштироки ҷавонони 14-17 сола ва волидайни онҳо хониши сиёсӣ   баргузор карда шуд.

Дар вохурии  мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Наврӯзова Равшаной директори муассисаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст.

25.04.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар толори МТМУ№6 Ҷамоати шаҳраки Зарнисор хониши сиёсӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон”  бо ҷавонони 14-17 сола ва волидайни онҳо баргузор карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Шарипова Шаҳло раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар воқеъ Қувваҳои мусаллаҳ-мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаи муқаддасу пуршараф-ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудааст.

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5421
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13807
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91180
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10161662

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?