Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон дар толори клуби фарҳангии “Лола”-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисор баргузор карда шуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 зимни суханронии худ қайд намуд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон дар семоҳи соли 2023 содиқона фаъолият намуданд. Ин буд, ки натиҷаҳо рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳи соли ҷорӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Фаъолияти содиқонаи заҳматкашони шаҳр буд, ки дар давоми се моҳи соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 70,5 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 108,0 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 5,2 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 16,8 миллион сомонӣ буда, 18,4 миллион сомонӣ ё 109,8 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 1,6 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.






Имрӯз 13 апрели соли 2023, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар се моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
7 апрели соли 2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар муассисаи давлатии "Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ" баргузор гардид.
Санаи, 05.04.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳр вохӯрии судманд доир ба интихоби касб ва бахшида ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили муттаҳидии миллат” бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии №5, №7, №13 баргузор карда шуд.
Санаи 05.04.2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз Ҷамотаи шаҳраки Адрасмон дидан намуд. Зимни боздид бо ҷараёни корҳои сохтмонии муассиси кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳрак шинос гардид.














