Санаи 17.04.2023 дар Кохи фарҳангии Истиқлоли маркази шаҳр бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023, № АП-318 тасдиқ гардидааст, ҳамчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор карда шуд.
Лозим ба зикр аст, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукумати оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайриоддии башарият расман ворид гаштааст.






Имрӯз, 15.04.2023 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҳти унвони “Душанбе тахти бахти тоҷикону Тоҷикистонӣ” чорабинии идона баргузор карда шуд.
Имрӯз, 15.04.2023 дар шаҳри Гулистон тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳашари умумишаҳрӣ ҷиҳати тозаву озода намудани дохили шаҳр баргузор гардид.
Санаи, 14.04.2023 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз он ҷумла бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар толори Маркази таҳсилоти ивовагии шаҳр бо ҷавонони МТМУ №14 вохӯрии судманд доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии эктремизму тероризм ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” баргузор карда шуд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар маркази шаҳр имрӯз 15 апрели соли 2023 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.














