1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳиро ба истифода дода, аз намоиши дастовардҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи моҳии тоҷик» боздид намуданд.
Ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар масоҳати 1 гектар ташкил гардида, дар онҳо парвариши 100 ҳазор моҳича ба роҳ монда шудааст.
Ин тадбир аз иқдомҳои муҳим дар самти амалишавии “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” маҳсуб ёфта, барои таъмини ҳадафи стратегии амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротӣ мусоидат мекунад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҶДММ «Озода Косметикс»-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд







Дар рӯзи чоруми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маъракаи кишти пунбадона дар масоҳати 17 гектар замин иштирок карданд.
Баъди ба истифода додани майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбачаи милитсияи шаҳраки Овчиқалъачаи Шуъбаи-2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба истифода доданд.














