26.04.2023 дар Боғи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023, № АП-318 тасдиқ гардидааст, ҳамчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки тарроҳони шаҳри Гулистон бо роҳбарии мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр дар бахши либоси кӯдакона сазовори мақоми аввал гадиданд.
Лозим ба зикр аст, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукумати оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайриоддии башарият расман ворид гаштааст.







Дар асоси нишондодҳои ташкилӣ-методӣ Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулода барои соли 2023 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 17 апрели соли 2023, №85 санаи 25 апрели соли ҷорӣ дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Гулистон «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Имрӯз, 21.04.2023 ба муносибати Иди саиди Фитр сарбозони қисми ҳарби 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аёдат карда шуданд.
Имрӯз, 20.04.2023 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорони меҳнат Музаффар Бобоҷонов собиқадори хизмати ҳарбӣ ва Кенҷанисо Исобоева собиқадори соҳаи тандурустиро аёдат намуд.














