Имрӯз, 28.02.2023 дар толори Коллеҷи тиббии шаҳр тибқи нақшаи Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи модар маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат” бо иштироки бонувони донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур Матлуба Сатторова и.в мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр, Санавбар Нуриллоева муовини раиси шурои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Истамбону Расулова намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Иштирок дар ярмаркаи вилоятӣ-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо ва ҳашари ниҳолшинонӣ дар шаҳр
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
- Аёдати собиқадорон ва модарони фарзандгумкарда ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ






Имрӯз 28.02.2023 тибқи нақшаи кории шуъбаи маорифи шаҳр дар Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр" ба муносибати Рӯзи байналмилалии бонувон бо иштироки омӯзгорзанон, собиқадорони соҳаи маориф ва и.в мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр дар мавзуи «Нақши занон дар пешбурди соҳаи маориф» мизи мудаввар ташкил ва баргузор карда шуд.
Имрӯз, 28.02.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки ҷавонони 14-17 сола ва волидайни онҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.
Санаи 24.02.2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгири эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2023, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 6.01. 2023, №11 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 21.02.2023, №47 санаи 24 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри гулистон тамриноти ситоди мудофиаи гражданӣ дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистон ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқуллодаи дорои хусусияти табиӣ дошта ва бартараф намудани оқибатҳои он” баргузор карда шуд.















