
Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти мамлакат доир ба масъалаи вазъи муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва чораҳои тақвият бахшидан ба таъмини амнияти давлат ва суботу оромии ҷомеа баргузор гардид.
Дар суханронии ифтитоҳии худ зимни таҳлили вазъияти воқеии минтақа ва ҷаҳони муосир Роҳбари давлат таъкид карданд, ки дар шароити ҳассоси имрӯза таҳкими амнияти миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Зикр гардид, ки вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳаммияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд.






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият карданд.
Имрӯз, 13.02.2023 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 11.02.2023 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баргузории ҳашари тозагиву ободониро ба роҳ монд.
Санаи 10.02.2023 дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи маорифва ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа даври шаҳрии озмуни тирандозии "Бонувони шуҷои Ватан" байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуд.















