Имрӯз, 24.02.2023 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида шуд ва беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои ороишӣ пешниҳоди сокинон гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ярмаркаи мазкур фаъолона иштирок намуда дар номинатсияи "Гулу буттаҳо" соҳиби мақоми дуюм гардида, бо дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид.
Ҳамчунин, нимаи дуюми рӯз дар шафати роҳи асосӣ дар шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардида, 700 бех ниҳоли сафедор ва 100 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабзи навъи сӯзанбарг шинонида шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН РАЪНО ҲОШИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан - аёдати сарбозони қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН






23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар рӯзҳои иду айём хабаргириву ҳолпурсии ашхосе, ки барои ҷомеа хизмат намудаанд, ба аъанаи нек табдил ёфта, гувоҳи равшани он аст, ки мардуми мо суннатҳои некро ҳамеша пос медоранд.
Имрӯз, 22.02.2023 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.
Имрӯз, 22.02.2023 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр Тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии шаҳр ва коллеҷи тиббии шаҳр баргузор гардид.















