Матни равон

Санаи 03.01.2023 дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти кории Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2022  бо иштироки директори муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ"  Муяссара Давлатзода муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон" дар радаи даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилоят қарор гирифта, сазовори мақоми аввал гашт.

Ин ғолибият барои шаҳри Гулистон ва соҳаи маориф дастоварди шоиставу назаррас мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки дар байни муассисаҳои таҳсилоти иловагии навбунёд аввалин шуда, бо иштироки Пешвои муаззами миллат муассиса ифтитоҳ ёфт, ки аз ҳусни таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи таҳсилоти иловагӣ гувоҳ аст.

Бо ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии муассиса фаъолияти маҳфилҳо хеле пешрафт карда, муассиса дар системаи маорифи шаҳр мавқеи муҳим касб кард.

Санаи 07.01.2023 дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни "Мураббии соли Тоҷикистон" ҷамъбаст гардид.

Боиси сарфарозист, ки мураббияи муассисаи давлатии таълимии томактабии №5- шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон Муҳаррама Набиева дар даври вилоятии озмуни  "Мураббии соли Тоҷикистон" иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид ва ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифт.

Санаи 07.01.2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, намояндаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иштирок доштанд.

Ҳамчунин, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирори шуъбаву бахшҳо,роҳбарони корхонаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори ҷаласаро ифтитоҳ намуд.

Санаи 06.12.2022 дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муслимахон Ҷамолиён иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуд. Зикр карда шуд, ки Он гунаеки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, дар воқеъ соли 2022 барои мо соли бобарор буд. Дар натиҷаи заҳмати содиқона корҳои созанагиву бунёдкорӣ мунтазам идома ёфта, нақшаҳои пешбинигардида самаранок истифода гардиданд.

5 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ шинос гардид.

Дар шаҳри Гулистон бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда бо ташаббуси ҶДММ «Мурғи бебаҳо» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» бунёди​ фабрикаҳои парандапарварӣ идома дошта, дар ояндаи наздик дар фабрикаҳо истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ ба роҳ монда мешавад. Фабрикаи ҶДММ «Мурғи бебаҳо» дар масоҳати 3 гектар сохта шуда, дар он то 100 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Айни замон дар як сехи парандапарварӣ нигоҳубини 20 ҳазор сар чӯҷа ба роҳ монда шуда, бунёди сехҳои иловагӣ ҷараён дорад.

Дар фабрикаи ҶДММ «Ганҷи сомон», ки дар масоҳати 1,7 гектар ташкил шудааст, ду сех пурра омода ва 12,5 ҳазор сар паранда ворид гардида, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ саршумори паранда низ зиёд карда мешавад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:6587
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14973
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92346
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10162828

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?