Имрӯз, 02.02.2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 26-уми январи соли 2023 нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2022 баргузор гардид.
Ба нишасти матбуотӣ муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.






Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон имрӯз 01.02.2023 дар толори гимназияи №1-и маркази шаҳр бо волидайни хонандагони муассиса доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии падидаҳои номатлуб, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон санаи 01.02.2023 дар асоси қарори Раиси шаҳр озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 30.01.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр баргузор карда шуд.
Дар назди бинои шуъбаи маорифи шаҳр бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони Раёсати маорифи вилоят Суғд, аҳли зиё, омӯзгорону устодон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ғолиби озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” - Набизода Муҳаррам Сироҷидин-мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳр пазироӣ карда шуд.















