24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 мафассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда шуданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нахуст ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2022 шунида шуд.






Санаи 18.01.2023 дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раис Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раъно Ҳошимзода бо интихобкунандагон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид.
Имрӯз, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 16 декабри соли 2022, таҳти №268 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ” ва омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории паради ҳарбӣ баргузор карда шуд.
Мушаррафаи Мирасрор - хонандаи синфи 9-уми МТМУ № 14-и шаҳри Гулистон дар озмуни вилоятии “Китобхони беҳтарин” аз рӯи категорияи синнусолии аз 14 то 18 сола бо гирифтани ҷойи аввал беҳтарин китобхони вилояти Суғд дониста шудааст.
















