
29 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст ҳисоботи муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» шунида шуд. Таъкид гардид, ки барномаи мазкур дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ шуда, барои таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби рушди саноати сабук муҳим мебошад.
Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2018, №34 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018» таҳия карда шудааст.






Имрӯз, 24.11.2022 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор карда шуд.
Имрӯз, 24.11.2022 дар маркази шаҳри Гулистон роҳпаймоии идона ба муноисбати 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамватанони азиз!















