14 ноябр дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои лоиҳавии муассиса дар масоҳати 2,14 гектар бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Фармоишгари ин муассисаи таълимӣ “Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй-рем” ба анҷом расонида шудаанд.
Бинои хуштарҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи Деваштич дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар ду баст 1240 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар муассиса 60 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи фарзандон машғуланд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар «Боғи миллии Ваҳдат» сардхонаи навро мавриди баҳрбардорӣ қарор доданд






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи коркард, банду басти хуч ва намудҳои пину (қурут)-и ҶДММ “Меваҳои Ҳазорчашма”-ро ба истифода доданд.
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи қолинбофии “Субҳия”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашма майдони болопӯшидаи варзиширо ифтитоҳ карданд.
14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.















