13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.
Бинои маркази саломатӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 34 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бо таъсис ёфтани маркази саломатӣ 40 нафар мутахассиси соҳа бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.






13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарвариро, ки аз тарафи соҳибкор Шуҳрат Нурматов бунёд карда шудааст, ифтитоҳ намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти паранда дидан карданд.
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди шишаи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишасохтмон”-ро ифтитоҳ намуданд.
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, нахуст корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анко-Инвест»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, обанбори шабакаи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб барои таъмини беш аз 5000 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон мавриди истифода қарор доданд.















