Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳаи хати оби нӯшокӣ барои 9 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа 1910 хонавода дар 6 маҳаллаи деҳоти Ғазантарак бо оби ошомидании тоза таъмин гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзии “ИФАД” бо харҷи 2 миллиону 860 ҳазор сомонӣ дар муддати як сол амалӣ гардидааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи парандапарвариро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди шишаи сохтмонии ҶДММ «Шишасохтмон»-ро ифтитоҳ намуданд






13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, сардхонаи наву замонавиро, ки бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд карда шудааст, мавриди баҳрбардорӣ қарор доданд.
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
13 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии «Шоҳ»-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд.















