Санаи 18-уми ноябри соли 2022 дар асоси нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хониши сиёсӣ таҳти унвони 30-соли ҳамбастаги бо Пешвои муаззами миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ҷавонону наврасон ва манфиатҳои миллӣ, дар муассисаи таълимии №12-и деҳаи Зарчашмаи ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ҷавонони синни 14-18 сола вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақсудалиева Қ. директори муассисаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохўрӣ бо ҷавонон оид ба нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар барқарорсозии давлатдории миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстромистӣ, бегонапарастӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва маданияти шаҳрдорӣ ибрози назар карда шуда, ҳамзамон оид ба дастгириҳои давлатии ҷавонон, суханронӣ карда шуд.






Дар остонаи таҷлили ҷашнҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои кумаки авалияи санитарию тиббии шаҳри Гулистон 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии муҷаҳҳаз бо ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ тақдим карда шуд.
16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
16 ноябр пас аз ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатӣ тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри «Арбоб» идома ёфт.
16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.















