
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.
Дар рафти мулоқот муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ дар соли таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар ва натиҷаҳои бузурге, ки тайи давраи гузашта дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба даст оварда шудаанд, қайд гардид.
Мақолаҳои боқимонда...
- Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон
- Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба ифтихори Рӯзи шаҳри Гулистон
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти Маҷмааи истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» оғоз бахшиданд






Имрӯз, 15.09.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ҳамоиши ботантана дар доираи аксияи ҷумҳуриявии "Албом-эстафета" таҳти унвони "30-соли ҳамбастагӣ бо Пешвои муаззами миллат" бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Имрӯз, 15.09.2022 дар даромадгоҳи Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр намоишҳои дастовардҳо дар доираи Аксияи “Албом-эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Имрӯз, 15.09.2022 дар шаҳри Гулистон дар доираи Аксияи «Албом-эстафета» таҳти унвони 30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи шаҳри Гулистон ҳамоиш доир гардид.
Субҳи имрӯз 15.09.2022 дар даромадгоҳи шаҳри Гулистон таҳти роҳбариии Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода бо фаъолони ҲХДТ дар шаҳру вилоят дар вазъияти тантанавӣ албом эстафетаи Аксияи «Албом-эстафета»: 30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат»-ро аз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода қабул намуданд.













