Матни равон

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр санаи 15.11. 2024 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳокимҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентиро шарҳу тавзеҳ дод. Зикр карда шуд, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 1994 – дар ин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.

Санаи 15.11.2024 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид.

Дар маросими мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони масъули қисми низомӣ, волидайни наваскарон ва ҷавонони шаҳри Гулистон иштирок намуданд.

Маросими савгандёдкунии наваскарон бо пешниҳоди гузориш ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

30 сол муқаддам, рӯзи 16-уми ноябри соли 1994 маҳз дар ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Санаи 14.11.2024 дар толори ҶСК қолинҳои "Қайроққум" дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории МИҲД ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар конфференсияи мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон ва Абдуллоев Абдумуталиб директори ҶСК қолинҳои "Қайроққум" иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти  ҷараёни инкишофи  ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди  ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Санаи 14.11.2024,  дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон  доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 32-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзӣ Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи кории МИҲД шаҳр ва бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Гулистон дар мавзуҳои  “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш”  ва “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ” конференсия баргузор гардид.

Дар конфренсияи мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо занон ва оила Сатторова Матлуба ва муовини корҳои тарбиявӣ коллеҷи тиббӣ Раҳмонов Умедҷон  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1337
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2116
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13917
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16281
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:29317
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8537751

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?