Имрӯз, 15 апрели соли 2026 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок намуд.
Инчунин, дар кори маҷлиси ҷамъбастӣ муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.






Имрӯз, 14 апрели соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои Прокуротураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба пешгирии экстремизм ва терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб бо иштироки фаъолони шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
13-уми апрели соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар толори ҷамоати шаҳрак бо фаъолон ва соҳибкорони шаҳрак мулоқот намуд.
Санаи 13-уми апрели соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба шаҳраки Адрасмон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми маркази шаҳрак дидан намуд.
13-уми апрели соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода як қатор шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфта, муроҷиатҳои онҳоро шунида мавриди баррасӣ қарор дод.














