Санаи 01.06.2024 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид.
Дар маросими савгандёдкунии сабозони навдаъватшуда муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Додиён Баҳром Одина, полковник, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, полковник Файззода Баҳром, коменданти ҳарбии вилояти Суғд, полковник Саидзода Саидмаҳмуд, сардори филиали Донишкадаи ҳарбии вилояти Суғд ва шахсони масъули қисми низомӣ, волидайни наваскарон ва ҷавонони шаҳри Гулистон иштирок намуданд.
Маросими савгандёдкунии наваскарон бо пешниҳоди гузориш ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар фазои тантанавӣ наваскарони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд савганди садоқат ба халқу Ватанро қабул намуданд.