Матни равон

14-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” баргузор гардид.

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон Дилрабо Каримӣ сазовори мақоми аввал гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва амалигардонии “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар байни занону духтароне, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият менамоянд, баргузор мегардад.

Имрўз 13.11.2024,  дар толори ҶМТК "Апреловка" дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон  доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 32-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзӣ Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи кории МИҲД шаҳр ва бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Гулистон дар мавзуҳои  “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш”  ва “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ” конференсия баргузор гардид.

Дар конфренсияи мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Муҳаббатов Амир раиси Ҷамоати шаҳраки Консой иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки масъулин Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мураббиён дар ҳамкорӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд. Бо ҳамин мақсад, санаҳои 10.11.2024 ва 12.11.2024 дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон, бахшида ба Рӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳрии футбол байни ҷавонон баргузор ва ҷамъбаст гардид.

Санаи 12.11.2024 дар толори маркази саломатии маркази шаҳр тибқи нақшаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр доир ба мавзуи муҳими таърихиву сиёсӣ, доир ба солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони маркази саломатии маркази шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти  ҷараёни инкишофи  ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди  ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмону таҷдид ва навсозии иншооти гуногуни ҷашнӣ идома дорад.

11 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи бунёдшавандаи ҶДММ «Тиглат» боздид намуд. Дар корхонаи нав истеҳсоли рангҳои гуногун барои сохтмон ва хокаи ороишиву пардоздиҳӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Бо ин мақсад айни замон сохтмони биноҳои ёрирасон ва васлу насби дастгоҳи муосир ҷараён дошта, баробари ба кор андохтани он то 70 нафар сокинон бо ҷои корӣ таъмин мегарданд.

Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва давлати Туркия ворид гардида, тамоми раванди истеҳсолот мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои соҳа ба роҳ монда мешавад. Дар умум, дар ин корхонаи навбунёд то 20 намуди ранг барои сохтмон истеҳсол мегардад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1344
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2116
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13924
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16281
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:29324
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8537758

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?