Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон имрӯз, 02.07.2022 ба ифтихорӣ сазовор таҷлил намудани 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тероризму экстромизм ва тақвият бахшидани фаъолияти филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, бо кормандон ва фаъолони Ҷамоати шаҳраки Консой хониши сиёсӣ дар мавзуи "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар барқарорсозии сохти Конститутсионӣ", пешгирии терроризму экстремизм ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳамзамон, Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Абдураҳмонов Аҳлиддин ва раиси Ҷамоати шаҳраки Консой Муҳаббатов Амир иштирок ва суханронӣ намуданд.






Санаҳои 28-30-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди гуштини юнонӣ-румӣ, бо иштироки варзишгарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
30 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Расо 15 сол пеш, 29 июни соли 2007 ҶДММ “Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой” таъсис ёфта, 26 июни соли 2009 дар арафаи таҷлили ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти аввали корхонаи ғанигардонии маъдани ширкат мавриди истифода қарор дода шуд.















