21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок карданд.
Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти вокуниши муштарак ба хатару таҳдидҳо ба амнияти минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои минтақа, иқтидори муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстона дар раванди рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа баррасӣ намуданд.







Субҳи имрӯз, 19 июли соли 2022, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон сафари корӣ анҷом дод.
Имрӯз, 19.07.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дар доираи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати пирони рӯзгордида Неделкина Нагия ва Ҳаитова Нориро ба роҳ монда, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуд.
Санаи 18.07.2022 бо сокинони маркази шаҳр доир ба таъмири намои берунии хонаҳои истиқоматӣ ва захираи маводи озуқаворӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.














