Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси Ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 6-уми июли соли 2022 дар шаҳри Гулистон 18 июли соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шашмоҳи соли 2022 баргузор гардид.
Ба нишасти матбуотӣ ҳайати дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони сохторҳои ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳои Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ширкат доштанд.






Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл дар кишвар ҳамчун Рӯзи металлургҳо қайд карда мешавад. Имрӯз, якшанбеи сеюми моҳи июл Рӯзи металлургҳо дар ҶМТКММ “Апрелевка” таҷлил карда шуд.
Санаи 15 июли соли 2022, дар варзишгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни наврасону ҷавонони (U18)-и минтақаи Суғд баргузор гардид.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, санаи 15.07.2022, ба ифтихорӣ сазовор таҷлил намудани 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тероризму экстромизм ва тақвият бахшидани фаъолияти филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, бо кормандон ва фаъолони маркази саломатии шаҳр хониши сиёсӣ дар мавзуи "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар барқарорсозии сохти Конститутсионӣ", пешгирии терроризму экстремизм, "Танзими расму оинҳо - кафолати зиндагии шоиста" ташкил ва баргузор карда шуд.
Дирӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.















