Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Аз гармои шадид эҳтиёт кунед!
Даҳаи охири моҳи июн бо пайғоми оғози гармои шадид барои кишвар ба поён мерасад. Аз ин ба баъд сокинони кишвар бояд худро ба гармиҳои шадид омода созанд. Бахусус касоне, ки сафарҳои роҳи дурро тарҳрезӣ кардаанд ва мехоҳанд аз гӯшае ба гӯшаи дигари кишвар раванд, бояд бештар эҳтиёт кунанд. Хавфи обхезӣ бар асари гармо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат хабар медиҳад, то 3 – уми июл ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ гарму бебориш боқӣ мемонад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ дар натиҷаи гармои шадид эҳтимоли об шудани барф дар кӯҳҳо ва омадани селҳо вуҷуд дорад. Ҳамзамон ин ҳолат метавонад ба баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб шавад.






29 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, бо эҳтироми хоса ва самимона гусел карданд.
Дирӯз дар Қасри миллат музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд, директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода дар доираи тантанаҳои 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор модарони родмардони Ватанро, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҷони худро аз даст доданд аёдат намуданд.














