Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солномаи фаъолияти Сарвари давлатро дар соли 2021 — соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор намуд.
Бо хиради азалии мардуми тоҷик ва сиёсати боровари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, бахусус талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони мамлакат соли 2021 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври шоиста ва бо дастовардҳои беназир ҷашн гирифтанд.
Мавриди зикри хос аст, ки халқи ватандӯсти тоҷик барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромадҳои худ беш аз 25 ҳазор иншооти гуногуни таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоиро бунёд карданд. Дар ифтитоҳи аксари ин иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.






Имрӯз, 26 март дар маркази шаҳри Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид. Дар ярмарка ба сокинон маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан аз бозор дастрас пешниҳод карда шуд.
Имрўз, 24 март иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар минтақаи саноатии шаҳр ба фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” шинос шуд.
Имрӯз, 22 март бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар шафати шоҳроҳи шаҳр дарахтони нодири ороишиву сояафкан шинонида шуд.
21 март дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Темурмалик дар шаҳри Гулистон ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонафрӯз тантанаҳои идона доир гардид.














