Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои барқияи телефонӣ №6 аз 10.03.2022 Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ҷашн гирифтани Иди байналмилалии “Наврӯз”, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бо ҳамҷоягии Мактаби варзишии шаҳр мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди гӯштини миллиро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созмони Ҷавонон” бо ҷалби фаъолону ҷонибдорони ҳизб ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир намуд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён иштирок намуда, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал шодбош намуда, ба варзишгарон дар мусобиқа бурдбориҳо таманно дошт. Дар мусобиқа наврасон ва ҷавонони соли таваллудашон 2004-2008 ширкат варзиданд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо Дипломи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд. Суратгузориш аз ҷараёни чорабинӣ.






Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти феълии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти тозаинтихоби ин кишвар муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳрҳои саноатии вилоят аз ҷумла шаҳри Гулистон ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо ин мақсад санаи 12.03.2022 дар шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.
Имрӯз, 12 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода қабули шаҳрвандон сурат гирифт.














