11 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 110-солагии матбуоти тоҷик мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо аҳли қалам, хабарнигорон ва рӯзноманигорони телевизион ва нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ доир гардид.
Нахуст роҳбари шаҳр аз дастгириву пуштибонии аҳли матбуоти мамлакат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, саҳми хабарнигорону рӯзноманигоронро дар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу афзун гардонидани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва дигар масоил ибрози назар кард.






Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.
10 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.














