21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомади идона ва дар шахси онҳо мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи Наврӯзро ба ифтихори ин ойини бостонӣ самимона табрик гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо — Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо — тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.






Имрӯз, 20 март дар варзишгоҳи марказии Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
Имрӯз, 20 март иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ ба шаҳраки Консой ташриф овард.
Субҳи имрӯз, 20 март иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамроҳ бо бонувони фаъолу пешқадами шаҳрдар доираи тантанаҳои идонаи наврӯзӣ ва рӯзи зиёиёни эҷодкор ба шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ташриф овард.
Имрӯз, 19 март бо такя ба сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба манзили зисти як қатор оилаҳои ниёзманд, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, пирони рӯзгордида ва сокинони шаҳр ташриф оварда, онҳоро бахшида ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҳният гуфт.














