ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиёзода С.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№316






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
25 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар шаҳри Гулистон 22 январи соли 2022 ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту корхона ва муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар маркази шаҳр имрӯз 22 январи соли 2022 Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд. Дар ярмарка маҳсулотҳои гуногуни истеъмолӣ бо нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуд. Арзиши маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархи дастрас барои фурӯш гузошта шуданд.














