Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳри Гулистон!
Роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ милитсияи тоҷик доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои неки ин ниҳоди муҳими давлатиро садоқатмандона идома медиҳад. Дар давоми беш аз як асри мавҷудияти худ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар сафи аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ будаанд. Намояндагони матиниродаи милитсия барои ҳифзи Ватан дар мубориза бо душманони дохилию хориҷӣ дар оғози ташкил ва барқароршавии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар ҳизи сохти конститутсионӣ мардонагӣ ва матонат нишон додаанд.






Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, иборат аз намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирон бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Белорус сафари кори анҷом доданд.
Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулисто ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқ, собиқадорон, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид. Ҷамъомади тантанавӣ бо танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Ҳамватанони азиз!
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ доир ба гиромидошти Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” бо иштироки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ баргузор гардид.














