Имрӯз, 2 март бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар майдони маҷмааи "Дасти дуои Модар" бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир гардид. Ҳамоиш бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи "Дасти дуои Модар" оғоз ёфт.
Дар ҳамоиш модарону бонувони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, наврасону ҷавонони шаҳри Гулистон ширкат намуданд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иштирокдорони ҳамоишро бахшида ба Рӯзи Модар таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил ва рӯзгори осуда таманно намуд.






Имрӯз маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш баргузор гардид. Дар ин маросим шаҳри Гулистон бо ҷоизаи Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2021 сарфароз гардид.
Имрӯз, 1 марти соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз варзишгоҳи марказии шаҳр боздид ба амал овард. Роҳбари шаҳр зимни шиносоӣ аз ҳолати кунунии варзишгоҳ ба масъулин баҳри вусъати корҳои ободониву созандагӣ, барқарорсозии инфрасохтори ҳудуди варзишгоҳ, сабзкории майдони асосӣ, шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан, чароғонкунии ҳудуди варзишгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
28 феврали соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории назди иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр бо роҳбарони шуъбаву бахшҳо ва ташкилоту корхонаҳо доир гардид.















